00:06 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, акс аз бойгонӣ

Сафири нави Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба вазири Эрон супурд

© Sputnik / Владимир Песня
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
33810

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири навтаъини Тоҷикистон дар Теҳрон нусхаи эътимодномаашро ба Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон супурд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Эрон маросими супоридани нусхаи эътимоднома рӯзи шанбеи 4 май баргузор шуд.

Зоҳидӣ Низомиддин моҳи апрели соли равон бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ барканор ва ба мақоми сафир дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид.

Ин таъинот дар ҳолест, ки аввали соли равон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳори умед кард, ки нофаҳмиҳо бо ҷониби Эрон бартараф хоҳанд шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии ахираш дар Душанбе, Эронро кишвари дӯст хонд, ки бо Тоҷикистон муштаракоти зиёде дораду нахустин шуда, Истиқлолияти кишварро эътироф кард.

Ӯ афзуд, то воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар муносиботи Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи бахшҳо ягон мушкил вуҷуд надошт.

Вазири умури хориҷӣ тавзеҳ дод, ки баъзе мушкили сиёсӣ дар пайи он ба вуҷуд омаданд, ки бархе  гуруҳҳои сиёсию молиявии Эрон ташкилоти террористии ҲНИТ-ро дастгирӣ карданд.

“Мо дар ҳамаи саттҳо бо ҷониби кишвари бо мо дӯст инро баррасӣ мекунем, мутаассифона то ҳол ҳал нашудааст”, - изҳор дошт вазир.

Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки Тоҷикистону Эрон фақат дар масъалаҳои сиёсӣ каме мушкилот доранд, ки он ба дастгирии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи молию сиёсӣ рабт дорад.

Вазири умури хориҷӣ илова намуд, ки дар бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ мушкиле ҷой надорад ва ҳозир ҳатто баъзе ширкатҳои эронӣ дар сохтмони бузургтарин пружаи Тоҷикистон – “Роғун” ширкат мекунанд. Ӯ изҳори умед карда буд, ки дар бахши сиёсӣ низ бо аз байн бурдани мушкилоти зикршуда муносибатҳо боз ҳам хубтар мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ