07:56 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Кувайт

Миннатдории ҳукумати Тоҷикистон аз Қувайт ва даъват ба Душанбе

© ВКХ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
209 0 0

Зубайдзода Зубайдулло ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қувайт барои саҳми арзандаи ВКХ ин кишвар дар масъалаи баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Сафири Тоҷикисон дар Қувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Холид ал-Ҷоруллоҳ дидору мулоқот кардааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қувайт, аз ҷумла масъалаи ширкати Қувайт дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин Сафир ба Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт барои саҳми арзандаи Вазорати корҳои хориҷии кишвари маҳалли иқомат дар масъалаи баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Тоҷикистон САҲА-ро ба конфронси сатҳи баланд ба Душанбе даъват кард

Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” дар Душанбе, 16-17 май баргузор мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ