Тоҷикистон раёсат дар Форуми ҳамкорӣ оид ба амнияти САҲА ба уҳда гирифт

© AP / Sergei GritsЛоготип ОБСЕ, архивное фото
Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва бартараф кардани таҳдиди силоҳи сабуки оташфишон аз афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Тоҷикистон раёсат дар Форуми ҳамкорӣ оид ба амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро ба зимма гирифт, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон САҲА-ро ба конфронси сатҳи баланд ба Душанбе даъват кард

Манбаъ афзудааст, ки ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани иштироки занон дар равандҳои тасмимгирӣ дар соҳаи амният, бартараф кардани таҳдиди силоҳи сабуки оташфишон (SALW) ва мудирияти захираҳои силоҳи муқаррарӣ (SCA) аз афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии (ФҲА) САҲА мебошанд.

Форуми мазкурро 8 май муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар Вена расман ифтитоҳ бахшидааст.

 “Тоҷикистон тасмим дорад уҳдадориҳои худро ҳамчун Раис бар асоси принсипҳои муқаррарнамудаи баробарӣ, эҳтироми мутақобила, тавозун ва давомдор софдилона иҷро намояд. Ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон раёсат дар ФҲА-ро бар зимма мегирад”, - гуфтааст Саидзода.

Ӯ афзудааст, ки “вазифаи асосии мо идома додани корҳои ҷорӣ оид ба такмили минбаъдаи механизмҳои назорат дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ хоҳад буд”.

Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ноутбук, принтер ва компютер: кумаки техникии САҲА ба КҲФ

Ба гуфтаи Саидзода Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун як созмони бонуфузи минтақавӣ, ки метавонад доираи васеи масоили амниятӣ ва ҳамкории дорои иқтидори назаррасро бар нафъи амалҳои самарабахш ҳал намояд, арзёбӣ мекунад.

 “То имрӯз аз ҷониби САҲА дар Тоҷикистон тақрибан 26 000 адад силоҳи сабуки оташфишон ва зиёда аз 30 тонна боқимондаи лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд. Дар давраи солҳои 2009-2018 тақрибан се миллион метри мураббаъ заминҳое, ки пур аз минаҳо ва лавозимоти ҷангии нотаркида буданд, тоза карда шуданд”, — афзудааст ӯ.

Дар робита ба афзалиятҳои дигари Тоҷикистон, Саидзода зикр кардааст, ки таваҷҷуҳи хоси раёсати Тоҷикистон дар ФҲА ба ҷанбаҳои ҳарбӣ-сиёсии амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории САҲА бо созмонҳои минтақавӣ Осиёи Марказӣ равона хохад шуд. Ин вазъи амният дар Афғонистон пайвастагӣ дорад, зеро мавҷуд будани теъдоди зиёди лавозимоти ҷангӣ ва силоҳ дар ҳудуди шимолии Афғонистон аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъи дарозмуддати сарҳад носубот боқӣ мемонад.

Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба САҲА: аз сиёсати меъёрҳои духӯра худдорӣ намоед

Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон низ оид ба муҳимияти нақши занон дар соҳаи амният, аз ҷумла иштироки онҳо дар раванди тасмимгирӣ мубоҳисаҳо мегузаронад.

Мусоидат ба раванди татбиқи муқаррароти қатъномаҳои 1540 Шӯрои амнияти СММ оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом, тадбирҳои таҳкими эътимод ва амният дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ, талошҳои минбаъда оид ба ҳамоҳангии мавқеи умумии давлатҳо нисбат ба санади такмилгардидаи Вена самтҳои дигари таваҷҷуҳи раёсати Тоҷикистон хоҳанд буд.

Саидзода дар охир қайд кардааст, ки “Тоҷикистон умедвор аст, ки дар муколамаи воқеӣ саҳми худро мегузорад. Шуморо мутмаин месозам, ки Тоҷикистон раёсати худро дар ФҲА бар асоси баробарӣ ва бетарафӣ амалӣ мекунад”.

Лентаи хабарҳо
0