09:39 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Писари 26-солаи вакилро дар Қирғизистон раиси шаҳр интихоб карданд

Sputnik / Дмитрий Астахов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
270 0 0

Аксари вакилон ба номзадии ҷавони 26-сола овоз додаанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон раиси нав интихоб шудааст-Марат Қудайбергенов.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Интихобот имрӯз, дар ҷаласаи вакилони парлумони ин кишвар баргузор шуд. Ғайр аз Кудайбергенов намояндаи ҳизби "Қирғизистон" Мирбек Шокиров низ ба ин вазифа номзадиашро гузошата буд. 

Ба гузориши манбаъ, дар интихобот 31 вакил ширкат кардааст, ки 22 нафари онҳо номзадии сиёсатмадори ҷавонро дастгирӣ кардаанд.

Ба иттилои расонаҳо раиси 26-сола писари вакили парлумони Тоқмоқ мебошад. Кудайбергенов дар вазифаи ёвари яке аз вакилони Жогорку Кенеш фаъолият кардааст.

“Садқаи вазифааш кунад”: дастури барканории Қурбонзода аз мақоми раиси Хадамот

Раиси пешини шаҳри Балиқчӣ Алмос Мамбетов, буд. Ӯ раҳбари Хадамоти бақайдгирии давлатӣ таъин шудааст.

Марат Кудайбергенов соли 1993 дар Балиқчӣ ба дунё омадааст.

Ӯ Донишгоҳи миллии Қирғизистонро аз рӯи ихтисоси "молия а қарз" хатм кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ