09:46 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Ҳам танбеҳу ҳам ихроҷ: Раҳмон як сохтори Хадамоти гумрукро маҳв кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
195020

Мувофиқи карори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раёсати амнияти дохилӣ аз сохтори дастгоҳи марказии Худамоти гумрук хориҷ карда шуд

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди интиқоди тундаш аз Хадамоти гумрук рӯзи 10 май як сохтори хадамотро маҳв кард.

Тавре дар қарори Эмомалӣ Раҳмон омадааст, "Раёсати амнияти дохилӣ" аз сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук хориҷ карда мешавад.

"Аз сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612 "Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати чордаҳум "Раёсати амнияти дохилӣ" хориҷ карда шавад", - омадааст дар қароре, ки зераш раиси Ҳукумат 14 май имзо гузошт.

Ёдрас мешавем, ҳамин рӯз, раисҷумҳур ба роҳбарияти Хадамоти гумрук - раиси хадамот ва муовинонаш барои ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабиашон танбеҳ ҳам дод.

11 май як навор аз мулоқоти раисҷумҳур бо масъулини мақомоти бонку молия ва гумруку андоз дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт. Дар он Эмомалӣ Раҳмон як корманди гумрукро бозпурсӣ намуд ва дурӯғгӯиҳояшро ошкор кард.

Раисҷумҳур баъди интиқод аз ин ҷавон гуфт, ки "аксари роҳбарони гузаргоҳҳо, аксари роҳбарони терминалҳо, аксари роҳбарони раёсатҳои гумрук ана ҳамин аҳвол аст".

Ӯ ба раиси хадамот таъкид кард, ки камбудиҳои мавҷударо ислоҳ кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ