Генерал Серватюк сафир дар Тоҷикистон шуд: аз охирин фармонҳои Порошенко

© Пресс-служба президента Украины / Гузариш ба медиабонкПрезидент Украины Петр Порошенко
Президент Украины Петр Порошенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пётр Порошенко, раисиҷумҳури Украина генерал Василий Серватюкро сафир дар Тоҷикистон таъин кард

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Порошенко, ки охирин рӯзҳои корияшро дар мақоми раисиҷумҳури Украина мегузаронад, фармони таъини Серватюкро ба мақоми сафири Украина дар Тоҷикистон 16 май имзо намуд.

Кандидат в президенты от партии Слуга народа Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон
"Сюрпризҳо" дар пеш: Зеленский савганд ёд мекунад

Василий Серватюк, ки унвони ҳарбии генерал-лейтенант дорад, то ҳол дар мақоми муовини сардори Хадамоти марзбонии Украина фаъолият мекард.

Ӯ дар мақоми сафир дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро иваз мекунад, ки ба вазифаи сафири Украина дар Душанбе соли 2012 дар даврони ҳукмронии Виктор Янукович, собиқ раисҷумҳури Украина таъйин шуда буд.

Пётр Порошенко, раисҷумҳури Украина рӯзи 18 октябри соли 2018 бо фармони худ Виктор Никитюкро аз мақоми сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон озод карда буд.

Лентаи хабарҳо
0