01:15 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков ба Макка меравад

© Пресс-служба президента Кыргызстана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
309 0 0

Раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков даъвати шоҳи Арабистони Саудиро қабул кардааст

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 31 майи соли равон ба шаҳри Макка (Арабистони Саудӣ) сафар мекунад.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи сешанбе раисиҷумҳури Қирғизистон сафири Арабистони Саудӣ дар ин кишвар, Абдураҳмон бин Саид бин Муҳаммад Ал-Ҷумъаро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар ин дидор масоили роҳандозии тарҳҳои таъмини манотиқи беоби Қирғизистон бо оби тоза, сохтмони табобатхонаҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин сафир даъватномаи шоҳи Сауд, Абдулазиз ас-Саудро барои ширкат дар 14-умин нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки рӯзи 31 май баргузор мешавад, ба Жээнбеков расонд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ширкаташ дар ин нишастро тасдиқ кард.

Мавзӯъҳои асосӣ