Раҳмон аз Хатлон ба Ҳиндустон барқия ирсол кард

Обуна шудан
Ҳизби Наренда Модӣ дар интихоботи сартосарии парлумонии Ҳиндустон пирӯз шудааст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҳиндустон Наренда Модӣ барқияи табрикотӣ ирсол кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, барқияиро раисҷумҳур имрӯз, 24 май ба сарвазири Ҳиндустон ирсол кардааст.

Ёдрас мешавем, кишвардор феълан бо сафари корӣ дар Хатлон қарор дорад.

Раисҷумҳур бо сокинони деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ боздиду мулоқот дар як рӯз: 18 акси ҷолиб аз сафари Раҳмон ба зодгоҳаш

"Лутфан табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии ҳизбатон дар интихоботи сартосарии парлумонии Ҳиндустон бипазиред", - омадааст дар мактуби шодбошӣ.

Дар барқия раисҷумҳур изҳори умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар оянда низ густариш меёбанд.

"Ҷониби Тоҷикистон умед ба он дорад, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба ҳайси Сарвазири Ҳиндустон дар оянда низ саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвари ба ҳам дӯсти мо дареғ нахоҳед дошт", - таъкид доштааст вай.

Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар идомаи раванди муколама иброз доштааст.

"Аз фурсати нек истифода бурда, ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Ҳиндустон комёбиҳои рӯзафзун орзумандам", - омадааст дар анҷоми барқия.

Лентаи хабарҳо
0