03:51 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Супоридани эътимоднома ба Дабири кулли СҲИ

Мансаби нав: сафири ҶТ дар Эрон эътимодномаашро ба Дабири кулли СҲИ супорид

© ВУХ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Дабири кулли СҲИ Сулаймонпур Зоҳидиро ба муносибати оғози фаъолият ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СҲИ табрик намуда, ба ӯ муваффақият таманно кард  

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур супорид.

Дар ин бора равобити умумии ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СҲИ ва тақвият додани фаъолияти созмон дар бахшҳои мухталифро дар давраи раёсати Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Раисҷумҳур ба сафири Тоҷикистон дар Эрон вазифаи нав дод

Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи санади роҳбурдии “Чашмандози СҲИ - 2025” ва амалӣ намудани нақшаи ислоҳоти Котиботи созмон ва муассисаҳои зертобеи он, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки зерсохториву нақлиётӣ дар қаламрави кишварҳои СҲИ зоҳир гардид.  

Сафири нави Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба вазири Эрон супурд

Дабири кулли СҲИ Сулаймонпур Н.Зоҳидиро ба муносибати шурӯи фаъолият ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СҲИ табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳо таманно намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ