Сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон эътимодномаашро ба Нагеш Сингҳ супорид

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Ҳиндустон нусхаи эътимодномаашро ба сардори Ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон супорид

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Рӯзи 6 июни 2019 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон Султон Раҳимзода нусхаи эътимодномаро ба Сардори Ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Нагеш Сингҳ супорид.

Эмомалӣ раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул кард - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул кард

Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустонро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур моҳи май бо қарори ҳукумат, аз вазифаи муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод карда шуда, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мансабдорони андоз ва мақомоти судиро ҷо ба ҷо кард

Пештар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон вазифаи нав дод.

Лентаи хабарҳо
0