00:57 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15

Субҳи барвақт раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек сафар кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1674 0 0

Кишвардорро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik.  Субҳи барвақти имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Кумитаҳои телевизион ва радио ва кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ