10:38 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳомн, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози раисиҷумҳури Чин рафт

© AP / Mark Schiefelbein
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
687 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои пешвози Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафт

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, маросими пазироии Си Ҷинпин аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гарму самимӣ сурат гирифт. 

Манбаъ зикр кардааст, ки раисиҷумҳури Чин бо сафари давлатӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  ба Тоҷикистон ташриф овард.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои чинияш Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, умед ба густариши ҳамкориҳо намуд.

"Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои кори Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар иттилоия.

Дар назар аст, ки рӯзи 15 июн Си Ҷинпин дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, бо  Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокирот анҷом медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ