Раҳмон аз Эрдуғон даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд

© пресс-служба президента РТ Президенты Таджикистана и Турции Эмомали Рахмон и Тайип Эрдоган
Президенты Таджикистана и Турции Эмомали Рахмон и Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо раисҷумҳури Туркия мулоқот кард ва дар анҷом аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Имрӯз, 15 июн дар ҳошияи баргузории саммити бузург дар Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркия Раҷҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нити на фабрике в Канибадаме для производства ковров, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Камбоҷа ва Тоҷикистон либосу пойафзол истеҳсол мекунанд

Дар мулоқот вазъи муносибатҳои ҳасанаи тарафайн дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва шарикии дарозмуддат ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки натиҷаҳои ин мулоқот барои таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Эрдуғон аз раисҷумҳури Тоҷикистон барои пазироии самимӣ миннатдор шудааст.

"Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон, баргузории Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия, ки метавонанд ба рушди ҳамкории байни сармоягузорон ва соҳибкорони ду кишвар мусоидат намоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи нақлиёту боркашонӣ, бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг табодули андеша карда, ҳавасмандии худро барои амалӣ кардани онҳо иброз доштанд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзадаи минтақа ва ҷаҳон, ҳалли қазияи Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму эктсремизм, муҳокима карда шуд.

 Эмомалӣ Раҳмон дапр анҷом аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон даъват кардааст, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

Лентаи хабарҳо
0