04:03 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке

Путин: кишварҳои узви МҲТБО бояд ба корҳои дохилии якдигар дахолат накунанд

© Sputnik / Алексей Дружинин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
488 0 0

Владимир Путин доир ба қазияи Афғонистон, Сурия, муносиботи Куреи Ҷанубию Шимолӣ ва  барномаи ҳастаии Эрон дахл намуда, гуфт ки  Русия ҷонибдори тақвият ва густариши ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзои МҲТБО аст

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин  дар нишасти сарони давлатҳои аъзои Машварати  ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ  дар Осиё, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, суханронӣ кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Ӯ аз намояндагони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ даъват кардаааст, ки дар мубориза бар зидди тахдиду чолишҳои замони муосир, хусусан терроризм, ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир, ки омили асосии мабалағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон мебошанд, хамкории муштаракро тақвият бахшанд.

Путин таъкид карда, ки  «мо бояд ба манофеъ ва даромади гурӯҳҳои  террористӣ,  ки аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир сарчашма мегирад, монеа эҷод намуда, нагузорем ин  гурӯҳҳои  ҷиноятпеша ба маводи  кимёвӣ даст ёбанд.

Бо дахли таҳкими ҳамкории  давлатҳои  аъзои ин созмони бонуфуз Владимир Путин зикр сохт, ки кишварҳои аъзои МҲТБО, бояд ба якдигар эҳтиром ва арҷ гузошта, дар  корҳои дохилии якдигар дахолат наварзанд.

Ҳамзамон Владимир Путин доир ба қазияи Афғонистон, Сурия, муносиботи Куреи Ҷанубию Шимолӣ ва  барномаи ҳастаии Эрон дахл намуда, гуфт ки  Русия ҷонибдори тақвият ва густариши ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзои МҲТБО аст.

Мавзӯъҳои асосӣ