03:26 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Президент Ирана Хасан Роухани

Пас аз мулоқоти Раҳмону Руҳонӣ: сафири тоҷик эътимодномаашро ба президенти Эрон супурд

© Sputnik / Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
580 0 0

Сафири тоҷик Низомиддин Зоҳидӣ ба президенти Эрон эътимоднома супурд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Рӯзи 17 июни соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ супорид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар чорчӯби маросими мазкур мулоқоти Зоҳидӣ бо Руҳонӣ доир гардида, зимни он ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Президенти Эрон бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти охираш бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар 15 июни соли 2019, омодагии кишварашро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ эълон дошта, ин равобитро ба нафъи ду давлат ва минтақа донист.

Манбаъ афзуда, ки Ҳасан Руҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонӣ ва баргузории шоистаи 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳои баланд дода, ба Зоҳидӣ барои фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ