02:58 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе

Ордени Азизӣ ва медали Фелалиев: вакилон бо орденҳои ИДМ қадрдонӣ шуданд

© Сайт мэра города Душанбе
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
320 0 0

Вакилони тоҷик бо ордену "Ифтихорномаҳои фахрӣ"-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Як зумра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену "Ифтихорномаҳои фахрӣ"-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад. 

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ордени "Содружество", муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо медали "Мустаҳакамгардонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ" сарфароз гардонида шуданд.

Тақдими медалҳо ба гуруҳи вакилони палатаи болоии парлумон

"Инчунин вакилони мардумӣ Дилрабо Мансурӣ, Гулнора Бобоева, Гулбаҳор Назирӣ, Бахтовар Сафарзода, Хайрулло Суфиев, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов ва чандин нафари дигар бо "Ифтихорномаҳои фахрӣ"-и  Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ карда шуданд", —  афзуд манбаъ.

Ордену ифтихорномаҳоро имрӯз раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони мардумӣ тақдим намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ