Ёдгор Файзов бо тавсияи Эмомалӣ Раҳмон вазифаи нав гирифт

Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёгор Файзов вазифаи нав гирифт

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят Ғолиб Ниякбеков хабар медиҳад.

"Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо тавсияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон интихоб гардид",-омадааст дар хабарнома.

Акнун Ёдгор Файзов муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят мебошад.

Лентаи хабарҳо
0