20:33 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Эмомали Рахмон посетил село Холибеки и Хумдон

Табақи калони чӯбии нурободиҳо ба Президент: тӯҳфаи сокинон ба Раҳмон - Видео

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1075 0 0

Мардуми ноҳияи Нуробод табақро рамзи сарҷамъӣ, баҳамоӣ ва ваҳдат меноманд, гуфт Мирзомиддин Аслонов ва ба раисҷумҳур табақи калонеро пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сокинони Нуробод ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кишвардор ба минтақа табақи калони чубӣ ҳадя карданд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳур 24 июн бо сафари корӣ ба ноҳияҳои Рашт рафт. Раисҷумҳур дар ноҳияи Нуробод бо сокинон - фаълолону роҳбарон мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот Мирзомиддин Аслонов, собиқадори меҳнат дар назди президент суханронӣ ва аз корнамоиҳои кишвардор ёдовар шуд.

Аслонов дар анҷом табақи калонеро ба Эмомалӣ Раҳмон ҳадя кард.

"Мардуми ноҳияи Нуробод табақро рамзи сарҷамъӣ, баҳамоӣ ва ваҳдат медонанд. Мо ҳамчун нишонаи ихлосу сипоси мардум ва ваҳдати миллӣ умед дорем, ки ҳамин тӯҳфаи моро аз мо қабул мекунед", - гуфт вай.

Раисҷумҳур дар анҷоми мулоқот аз сокинони ноҳия барои пазироии гарм изҳори миннатдори баён кард.

Ёдрас мешавем, дар рафти сафари раисҷумҳур ба ноҳияи Нуробод, чанд бинои нав ва майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ба 50 ятим тӯҳфа дод.

Барчаспҳо:
тӯҳфа, Президент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ