03:10 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба Убайдуллоев

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1255 0 0

Имрӯз соати 09:00 дар Масҷиди марказии Душанбе ҷанозаи Рӯзигул Каримова баргузро шуд. Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи 2 июл аз бемории қалб даргузашт

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар иртибот ба даргузашти ҳамсараш таслият гуфт.
Ёдрас мешавем, ҳамсари Убайдуллоев, марҳума Рӯзигул Каримова субҳи 2 июл дар пайи бемории қалб ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Худи Убайдуллоев замони гузашти ҳамсараш дар Маскав қарор дошт.

Имрӯз соати 09:00 дар Масҷиди марказии Душанбе ҷанозаи Рӯзигул Каримова баргузро шуд.

Ба гуфтаи назидкони Убайдуллоев, ҳамсари ӯ мубталои беморие набуд. Вале рӯзи гузашта ӯ дучори сакта шуд.
Убайдуллоев ва Каримова се фарзанд доранд. Амирҷони Убайдулло, яке аз писарҳои онҳо мушовири аршади ёвари раисҷумҳур дар масоъили иқтисодӣ мебошад.

Модари муваффақу ҳамсари хоксор: нақли хамсоя дар бораи Рузигул, ҳамсари Убайдуллоев

Ҷамолиддин Убайдуллоев, дувумин писари онҳо сафири ҶТ дар Фаронса ва намояндаи расмии кишвар дар ЮНЕСКО мебошад.Нигина Убайдуллоева, духтари ин хонавода аст.

Ҳамсояҳои Убайдуллоев ҳамсарашро чун зани хоксору модари муваффақ тавсиф мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ