Мазору бозорамон як аст: Жээнбеков дар Бодканд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон меояд

Обуна шудан
Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон дар мулоқот бо мардуми вилояти Бодканд гуфт, ба наздикӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин кишвар боздид хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Жээенбеков изҳор дошт, ки ҳатман бо ҳамтои тоҷикаш масъалаи марзро баррасӣ хоҳанд кард.

Главная улица кишлака Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дӯстона бояд зист: ҳунармандони тоҷику қирғиз дар Воруху Ботканд филми муштарак сохтанд

Ӯ таъкид намуд, ки ҳатман марз бо Тоҷикистон аломатгузорию дақиқ хоҳад шуд, аммо барои ин бояд мардум таҳаммулпазир бошанд.

“Ба зудӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меояд ва гуфтушунидҳоро идома хоҳем дод. Мо ба ҳеч ваҷҳ масоили марзиро бе таваҷҷуҳ намегузорем”, - изҳор дошт Жээнбеков дар мулоқот бо сокинони Бодканд.  

Раисиҷумҳури Қирғизистон афзуд, ки ӯ ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтушунидҳо барои аломатгузории марз моил мебошанд, аммо барои ин вақт ва сабр зарур аст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, Жээнбеков аз сокинони деҳоти Бодканд даъват намудааст, ки ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша бояд зарбулмасали “ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар”-ро дар хотир нигоҳ доранд.

“Бояд муносиботи дӯстона бо ҳамсояҳоро, ки асрҳо ҳамзистӣ дорем, ҳифз кунем. Мо чизе барои тақсимкунӣ надорем, бозору мазорамон як аст. Мо ҳамдинем, ки аз як ҷӯйбор об мехӯрем”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Қирғизистон.

Ӯ барои таҳкими давлатдории Қирғизистон ба сокинони наздимарзӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0