04:59 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мансабдорони мақомоти судиро ҷо ба ҷо кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (61)
3054 0 0

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон чанде аз судяҳоро аз вазифа озод кард.

Имрӯз  Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибки моддаи 57 қисми 1 пешниҳод оид ба бозхонд намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамчунин, пешниҳодҳо дар бораи интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ба вазифаҳои судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофика бо Президент дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос, дорои малакаву маҳорати хуби роҳбарии низомӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (61)
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, додгоҳ, судяҳо, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ