Суҳбати телефонии Путин ва Зеленский: тафсилоти гуфтугӯи президентҳо

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский тариқи телефон суҳбат карданд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Гуфтугӯи Владимир Путин ва Владимир Зеленский бо даъвати ҷониби Украина сурат пазируфт, гуфт сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков.

Песков қайд кард, ки зимни суҳбати телефонӣ кишвардорон чанд масъалаи муҳимро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот аз ҷумла вазъи манотиқи ҷанубу шарқи Украина баррасӣ шудааст. Дар баробари ин, ҷонибҳо масъалаи бозгардонии маҳкумшудагони ҳар ду ҷонибро баррасӣ кардаанд.

"Дар ин росто, ҷонибҳо барои идомаи баррасии масъала аз ҷониби коршиносон ба мувофиқа расиданд", - қайд кард Песков.

Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии Зеленский барои мулоқот бо Путин

Сухангӯи Владимир Путин илова крад, ки дар доираи ин суҳбат масъалаи дидор дар "чорчӯби  Норманд" баррасӣ шудаст.

Пешниҳоди Зеленский

Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

Президенти Украина Владимир Зеленский нахустин бор 27 июн ба кишвардори Русия Владимир Путин муроҷиат карда буд.

Муроҷиати Зеленский ба Путин

Он замон Зеленский аз Путин хоҳиш карда буд, то баҳрнавардони украиниро озод кунад. 

Рӯзи душанбе, Владимир Зеленский бори дуввум ба Владимир Путин муроҷиат кард, вале ин бор бо пешниҳоди мулоқот.

Зеленский гуфт дар ҳузури кӣ бо Путин мулоқот мекунад

Владимир Зеленский ҷойи дидорро шаҳри Минск гуфт. 

Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Зеленский гуфт, ки мулоқоташро бо Путин чӣ гуна оғоз хоҳад кард

Зеленский қайд кард, ки дар ин мулоқот бояд президенти ИМА Доналд Трамп, канслери Олмон Ангела Меркел, президенти Фаронса Эмманюэл Макрон ва сарвазири Бритониё Тереза Мэй ҳузур дошта бошанд.

Манфиати Путин

Владимир Путин рӯзи 11 июл хостори суҳбат бо Владимир Зеленский шуд.

Президенти Русия қайд кард, ки Русия ҳич гоҳ аз мулоқот бо Украина даст накашидааст.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ҷалби ИМА ва Бритониёи Кабир ба мулоқот дар Минск "ҷолиб хоҳад буд".

Дар мусоҳиба бо Оливер Стоун Владимир Путин гуфт, ки наздикшавии Русия ва Украина ногузир аст. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки халқи ду кишвар як таърих доранд.

Лентаи хабарҳо
0