21:22 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Премьер-министр Республики Кореи Ли Нак Ён, архивное фото

Сарвазири Куриё дар се рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ мулоқот мекунад

© Sputnik / Алексей Даничев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
300 0 0

Сарвазири Ҷумҳурии Куриё Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон омада, бо раисиҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе дидору мулоқот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Куриё Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазирад.

Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ҷумҳурии Куриё Ли Нак Ён ва мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Корея бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ пешбинӣ шудаанд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар музокироти Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Куриё 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

Ҷумҳурии Куриё намояндагии дипломатии худро бо роҳбарии Кордор дар пойтахти Тоҷикистон соли 2008 ифтитоҳ намуд.

Соли 2012 аввалин сафири ғайримуқими  Тоҷикистон дар Куриё бо иқомат дар шаҳри Токиои Ҷопон таъйин шудааст.

Айни ҳол байни ду кишвар созишномаҳо дар соҳаҳои ҳимояи сармоя, андозбандии дукурата ва бекор намудани талаботҳои раводид ба имзо расидаанд.

Барчаспҳо:
Қоҳир Расулзода, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, мулоқот, сарвазир, Куриёи Ҷанубӣ

Мавзӯъҳои асосӣ