Супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок: Раҳмон гуфт аз раҳбарони нав чӣ мехоҳад

© Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни таъйини кадрҳои нав бо масъулин суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот таъин гардиданд, иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии оддӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳаро талаб мекунад.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон сардорони зиндонҳоро таъйин кард

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ ва камбудиву норасоӣ дар фаъолияти роҳбарон ва хизматчиёни воҳиду сохтори низомиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди ҳар як роҳбар ва масъули соҳа ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

"Фаъолияти шаффоф ва дар чорчӯби қонун ба роҳ мондани фаъолияти кории хизматчиёни низомӣ ва давлатӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як мутахассис вобастагӣ дорад", - таъкид кардааст раисиҷумҳур.

Ду моҳ вақт: аз радди хоҳишҳои Давлатзода то амр ва шунидани фикри мардум дар бораи андоз

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити ҳубу мусоиди таълиму тарбия, обутоби бадан дар қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ ёдрас шуда, барои пурра решакан кардани ришваситонӣ, зӯроварӣ, тасарруфи молу ашёи давлатӣ ва мубориза бар зидди омилҳои қонунвайронкуниҳо ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок додаааст.

Лентаи хабарҳо
0