17:30 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Кадровые перестановки в правительстве Таджикистана 22 июля 2019

Раҳмон пас аз се моҳи кор сардори Хадамоти зиддиинҳисориро озод кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1997 0 0

Қарори мазкурро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 июл имзо кард

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бино ба гузориши котиботи Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қарор сардори Хадамоти зиддиинҳисориро аз вазифа озод кардааст.

Котиботи раисиҷумҳур сабаби озод шудани сардори Хадамоти зиддиинҳисориро ба кори дигар гузаштан мегӯяд.

"Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар қарор.

Ёдовар мешавем, ки Вализода Икромиддин, моҳи апрели соли равон ба вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин гардид ва ҳамагӣ се моҳ дар ин вазифа фаъолият кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 июл тағйироти кадрии ҷиддӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тағйироти кадрӣ дар паи ошкор шудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ шудааст.

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо роҳбарони нав таъин гардиданд.

Бо 22 фармон: Эмомалӣ Раҳмон 11 раиси нав таъин кард

Мавзӯъҳои асосӣ