17:42 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков

Сафари Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон пас аз таниши марзӣ

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)
2321 0 0

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков тасмим гирифтааст аз Тоҷикистон боздид ба амал орад ва бо Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар дар масъалаи аломатгузории марз гуфтушунид доир кунад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков тасмим гирифтааст, аз Тоҷикистон боздид ба амал орад ва бо Эмомалӣ Раҳмон президенти ин кишвар дар масъалаи аломатгузории марз гуфтушунид доир кунад.

Интизор меравад дар ояндаи наздик раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков  ба Тоҷикистон  ташриф орад, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуоти роҳбари давлати Қирғизистон.

Бар хабари манбаъ, дар меҳвари гуфтугуйи роҳбарони ду давлат, масоили аломатгузории марзӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

"Сафари роҳбари давлат ба назар гирифта шудааст, вале санаи дақиқӣ он то ҳол номаълум аст,"- омадааст дар хабари сомона.

Сафари қарибулвуқӯъи роҳбари Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки  чанде қабл дар марзи ин ду давлат таниши навбатии марзӣ бархост.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Навори тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - 5 видео

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

КДАМ мегӯяд, маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.

Дар остонаи сафари Раҳмон: КДАМ таниш дар марзро иғвои навбатӣ гуфт

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)
Барчаспҳо:
танишҳои марзӣ, Қирғизистон, президент, сафар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ