21:18 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Экс-президент президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото

Отамбоев на ба бозпурсӣ, балки ба Маскав рафт

© Sputnik / Сергей Гунеев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
302 0 0

Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев озими шаҳри Маскав шуд. Дар Маскав дидорбинӣ ва мулоқоти Отамбоев бо кӣ баргузор мешавад, то ҳол номаълум аст

ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон, ки ахиран аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум шуда буд, ба шаҳри Маскав омад, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Бар хабари  манбаъ, маълум аст, ки сафари Отамбоев ба Русия давоми чанд рӯз тӯл мекашад, вале маълумот дар мавриди он ки собиқ раисҷумҳур бо кӣ дидор ва мулоқот мекунад, то ҳол норӯшан аст.

Ба умеди худ, Худо ва дӯстон: Отамбоев гуфт, ба Русия меравад - видео

Гуфта мешавад, собиқ президенти Қирғизистон ба воситаи пойгоҳи низомии Русия дар Кант ин кишварро  барои чанд рӯз тарк кард.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард, вале ӯ ҳозир нашуд.

Алмосбек Отамбоев ба бозпурсӣ ҳозир нашуд

Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст.

Парлумони Қирғизистон ҳанӯз 27 июни соли ҷорӣ мақоми дастнорасии раисҷумҳури пешинро лағв намуд. Прокуратураи генералии ин кишвар гуфтааст, ки Азиз Ботукаев ҷинояткори ашадии ин кишвар бо фармони Алмосбек Отамбоев озод шудааст.

Отамбоев ба Жээнбеков: дӯстам, маро шарманда накун

Алмосбек Отамбоев дар навбати худ ин айбномаро ба "талош барои сиёҳкунии номаш" рабт медиҳад.

Барчаспҳо:
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳур, собиқ, сафар, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ