23:47 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Отамбоев баргашту тафсилоти суҳбат бо Путин, инқилобҳо ва шартҳояшро гуфт

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
273010

Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон 25 июл баъди мулоқоташ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тахминан соати 18:40 ба фурудгоҳи низомии Кант баргашт

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Отамбоев баъди бозгашт бо рӯзноманигорон суҳбат карда, ба суол, ки оё тибқи тавсияи Путин бо Жээнбеков муттаҳид мешавад, посух дод, ки “замони муттаҳидшавӣ гузашт”.

Ӯ гуфтааст, ки бо Путин ҳамчун собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон мулоқот карда, назарашро баён доштааст. Отамбоев таъкид кардааст, ки Путин на танҳо президент, балки дӯсташ мебошад.

“Бо Путин суҳбат доштам ва ҳамчун собиқ раисиҷумҳур дидгоҳамро фаҳмондам. Ӯ на танҳо президент, балки дӯсти ман аст. Ӯ махсус ҳавопаймо фиристод ва даъват кард. Ҳиҷолат мекашидам, агар парвоз намекардам, ин аз рӯи одамгарӣ намебуд. Владимир Владимирович аз ояндаи Қирғизистон нигарон аст ва мегӯяд, ки инқилоби сеюм лозим нест. Ман ба ӯ гуфтам, ки ду инқилобро дидаам ва медонам, ки инқилобҳоро ҳукумат мекунанд, он мардумро ба ин ҳолат мерасонад”, - хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Отамбоев.

Зимни суҳбат собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон изҳор доштааст, ки хароҷоти парвозҳояшро ба Маскав ҷониби Русия ба уҳда гирифтааст. Ӯ сипас аз Кант ба маҳалли истиқоматаш дар Кой-Тош зери назари муҳофизон ва ҷонибдоронаш рафтааст.

Отамбоев қаблан изҳор дошт, ки дар барои коҳиши шиддати таниш бояд ҳар ду ҷониб иқдом кунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки мақомдорон бояд аз таъқиби рақибони сиёсӣ даст бардоранд ва баррасиҳои мунсифонаро муҳайё кунанд ва дар сурати чунин иқдоми ҳукумат, мавқеъгирии мухолифин низ тағйир хоҳад ёфт.

Мавзӯъҳои асосӣ