Тағйироти кадрӣ: раис 10 раҳбари навро роҳнамоӣ кард

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода масъулини навро ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳакимзода як қатор кадрҳои таъиншударо ба ҳузур пазируфтааст, дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти мазкур хабар медиҳад.

Бино ба гузориши манбаъ кадрҳои навтаъиншуда - Аҳмадзода Илҳом Шамол - муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон, Камолов Муродалӣ Шарифалиевич – раиси ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, Ёраҳмадов Ҳомидҷон Маҳмудович –раиси ҷамоати деҳоти Дашти-Ҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Гадоева Ҳалима Сайвалиевна– сартабиби таваллудхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб мебошанд.

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард

Ҳамчунин Ахмедов Даврон Бобоҷонович – Директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Қурбонов Ниёзмаҳмад Сафаралиевич – Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маллазода Сайдулло Ҳасан – Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ, Фарангиси Амрохон – Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз, Бегова Зарнигор Турдиевна – Сардори шуъбаи Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар, Амиршоев Худойдод Абдуҷалолович – Мудири бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб бо раиси вилоят суҳбат кардаанд.

Бо 22 фармон: Эмомалӣ Раҳмон 11 раиси нав таъин кард

Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни суханрониаш аз суханҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун даъват кардааст.

Лентаи хабарҳо
0