Раҳмон ба Аврупо даъват шуд: Абдуллоҳ Раҳнамо сардии муносиботро “миф” хонд

© Sputnik / Карен ЕпремянПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуллоҳ Раҳнамо, мушовири мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон иддаои сард шудани муносиботи Душанбеи расмӣ бо Иттиҳоди Аврупоро “миф” хонд

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раҳнамо ҳафтаи равон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Аврупо Тоҷикистонро шарики муҳими худ дар Осиёи Марказӣ медонад. Ӯ афзуд, дар баъзе расонаҳо чунин тасаввур ё “миф” сохта шудааст, ки гӯё равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои аврупоӣ солҳои охир заиф шуда бошад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Европейского совета Дональд Туск - Sputnik Тоҷикистон
Амнияту озодӣ: ваъдаҳо, насиҳат ва видеои хулосаҳои Доналд Туск аз Тоҷикистон - навор

“Аммо агар ҳамин чанд моҳи охирро баррасӣ кунем, мо дар Тоҷикистон ҳам сафари президенти Иттиҳоди Аврупоро доштем, ҳам сафари Котиби генералии Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро. Ду мақоми олитарин ва муҳимтарини Аврупо дар Тоҷикистон сафари расмӣ ва хеле муҳим доштанд”, - зикр кард Абдуллоҳ Раҳнамо.

Ӯ афзуд, ки дар тӯли ин сафарҳо раҳбарони аврупоӣ қатъиян изҳор карданд, ки ҷумҳурии Тоҷикистонро шарики муҳими худ медонанд ва ҳамин анҷом шудани сафари расмии раҳбарони аврупоӣ ба Тоҷикистон як аломати эътирофи мавқеъ ва аҳамияти кишвар дар ин минтақа аст.

“Ҳатто муваффақияте, ки дар ин самт ба даст омад, бисёре аз мухолифини ин беҳбудиро ноумед кард. Дар бисёр матолибе, ки дар расонаҳо нашр шудааст, мебинем, бисёриҳо ҳатто интизор надоштанд, ки мавқеи Иттиҳоди Аврупо, САҲА бо мавқеи Тоҷикистон дар масоили муҳими минтақаиву глобалӣ наздик аст”, - таъкид намуд мушовири мудири МТС.

Абдуллоҳ Раҳнамо ҳамчунин иттилоъ дод, бар хилофи интизориҳое, ки дар ин доираҳои матбуотӣ мерафт, масалан, ҳоло даъвати расмии президенти Фаронса барои сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Фаронса вуҷуд дорад. Ӯ таъкид намуд, ки ин даъват аз тарафи мақомоти расмӣ эълон шуд.

“Ҳамаи ин нишон медиҳад, тасаввур дар бораи он ки муносибатҳои мо бо Иттиҳодияи Аврупо хуб нест, асос надорад”, - изҳори боварӣ намуд Раҳнамо.

Лентаи хабарҳо
0