22:34 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Хусрав Нозирӣ бо диплумотҳои эфиопӣ

Сафирони тозаинтихоб дар Тоҷикистон эътимодномаашонро ба Хусрав Нозирӣ супориданд

© Фото: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ сафирони навтаъини Ҳиндустон, Австрия ва Эфиопияро барои қабули нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бино бар гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, имрӯз дар Душанбе Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Син, Австралия Грейм Михан ва   Эфиопия Гирма Темесген Баркесса нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супориданд.

Тавре манбаъ қайд намуд, Хусрав Нозирӣ дар рафти мулоқот бо Сафири навтаъини Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон табодули назар намуданд.

Сафири нави Покистон ба Душанбе омад

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

Сафири нави Қазоқистон эътимодномаашро ба Саидзода Зоҳир супорид

Дар мулоқот бо Сафири Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грейм Михан  ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои 

Маҳмадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон ҳангоми супоридани эътимоднома ба  хонум Даля Грибаускайте, раисиҷумҳури Литва
акс аз сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австралия ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Австралияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гирма Темесген Баркесса дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону  Эфиопия дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Барчаспҳо:
супоридани эътимоднома, нусха, сафир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    2903
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    593
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    483