18:16 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон Раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Хатлон боздид мекунад

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
612 0 0

Дар назар аст раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон 30 иншооти наву замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Интизор меравад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон сафар кунад, хабар медиҳад агентии Авеста дар истинод ба хабари мақомоти ин вилоят.

 Бар хабари манбаъ, санаи аниқи сафарии Раҳмон ба вилояти Хатлон номаълум буда, қарор аст дар даҳаи якуми моҳи ҷорӣ  роҳбари давлат аз ин вилоят боздид ба амал орад.

Раҳмон ба Рашт рафту роҳи навсозро дар шаҳраки Навобод ифтитоҳ кард

Қайд мегардад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари ба нақша гирифташуда. Дар қаламрави ин вилоят ҳудуди 30 иншооти наву замонавиро  мавриди истифода қарор диҳад.

Зикр мегадад, ки роҳбари давлат дар кушодашавии як  қатор иншоот, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо, мактабу иншооти варзишӣ ва боғи истироҳатӣ иштирок намояд.

Раҳмон дар Лахш: заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад

Гузашта аз ин Эмомалӣ Раҳмон аз таҷдиди осорхона дар деҳаи Дараи Мухтор, ки ба шарофати қаҳрамони халқии тоҷики сохта шуда буд, ташриф орад.

Барчаспҳо:
Хатлон, вилоят, боздид, Рустма Эмомалӣ

Мавзӯъҳои асосӣ