Жээнбеков ба Путин барои шароити хуби шаҳрвандонаш дар Русия изҳори сипос намуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент РФ Владимир Путин и президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бар ин назар аст, ки шароити муҳоҷирони қирғиз дар Федератсияи Русия рӯ ба беҳбуд ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба президенти Русия Владимир Путин барои дастгириҳо ва шароити хуби шаҳрвандонаш дар қаламрави он кишвар изҳори миннатдорӣ намудаст, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Жеенбеков ба Раҳмон занг зад: сӯҳбати телефонии президентҳо

Дар ҷасалаи Шурои тамос бо ҳамватанони бурунмарзӣ, президенти Қирғизистон зикр намуд,  ки шаҳрвандони зиёди Қирғизистон дар  кишварҳои гуногуни дунё аз ҷумла Русия кору зиндагӣ мекунанд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ шароити муҳоҷирони қирғизистони дар Русия беҳтар гардидааст.

Дар Петербург дидори ғайрирасмии сарони кишварҳои ҳамсуд оғоз шуд

Бо дастгирии шахсии Владимир Путин ба шаҳрвандони мо имтиёзҳои муҳоҷират ва имкони аз феҳристи сиёҳ хориҷ шудан фароҳам оварда шуд. Гузашта аз ин, ба муҳоҷирони қирғиз имкони дар русия бо шаҳодатномаи кишвари худашон фаъолият кардан дода шуд,- иборз намудаст президент.

"Ман бори дигар ба президенти Федератсияи Русия  Владимир Путин барои дастгирии шахсии шаҳрвандони Қирғизистон изҳори сипос мекунам" - гуфтааст Ҷеенбеков.

Зимнан раисҷумҳур илова намуд, ки солҳои охир ҷараёни рушди ҳамкориҳои дар тамоми соҳҳаҳо бо ҳамсоякишварҳо аз қабили Русия Узбакистон ва Қазоқистон назаррас аст.

Лентаи хабарҳо
0