Бердимуҳаммадов дар “Дарвозаи дӯзах”: видеои нави истироҳати раисиҷумҳур - навор

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар таътил ба машқи бадан, мошинсаворӣ, аспдавонӣ, боулинг, эҷоди оҳанг, тирпарронӣ ва китобнависӣ машғул будааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Телевизиони давлатии Туркманистон рӯзи якшанбе дар барномаи “Ватан” гузориши нимсоатие аз ҷараёни истироҳати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нашр кардааст.

Дар навор раисиҷумҳури Туркманистон аспу дучархасаворӣ мекунад ва сипас тирпаронӣ намуда, боулгинг мебозад ва ҳар бор ба нишон мерасад.

Баъдан Бердимуҳаммадов дар толори варзишӣ машқи бадан карда, ба мақомдорони кишвараш тарзи дурусти тамринро нишон медиҳаду роҳнамоӣ мекунад. Дар навор инчунин намоиш дода мешавад, ки гӯиё Бердимуҳаммедов дар саҳрои Қароқум атрофи чоҳи сӯзони газӣ – Дарвоза, ки бештар бо номи “Дарвозаи дузах” маъруф аст, мошинсаворӣ мекунад, аммо чеҳраи ронанда нишон дода намешавад.

Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин навори Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов баъди хабарҳои “даргузашташ” - видео

Дар охири навор Бердимуҳаммедов зимни нӯшидани як пиёла чой навиштани китоби навашро ба охир мерасонаду дастнависашро бо зикри санаи 4 августи соли 2019 бандубаст мекунад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои Telegram хабар дар бораи вафоти президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов паҳн шуд. Гуфта шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон дар паи бемории гурда вафот кардааст.

Сипас Сафорати Туркманистон дар Русия хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро дурӯғу бепоя хонд.

Лентаи хабарҳо
0