07:37 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
 Президент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора, архивное фото

Ҷузъиёти сӯҳбати телефонии Путин ва Зеленский маълум шуд

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
582 0 0

Дар Кремл аз ҷузъиёти сӯҳбати телефонии раисҷумҳурони Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский хабар доданд

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти Кремл, сӯҳбати телефонии раисҷумҳурони ду кишвар бо дархости Владимир Зеленский президенти Украина сурат гирифт.

Прямая линия с президентом РФ Владимиром Путиным
© Sputnik / Алексей Никольский

Гуфта мешавад, дар сӯҳбати телефонӣ Путин ва Зелинский масъалаи ба эътидол овардани муноқишаи марзиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Зеленский: бо як занг ба Маскав "тоҷам аз сарам намеафтад"

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аз зарурати риоя шудани низоми оташбас дар марзи ин ду давлат, ки аз 21-уми уми июл гирифта шуда буд, табодули назар намуданд.

"Президенти Русия Владимир Путин изҳор намудаааст, ки барои ба эътидол овардани вазъият дар марз зарур аст, аз ҷониби низомиёни украинӣ ба тирпаронӣ суйи манотиқи аҳолинишини Донбас, ки мӯъҷиби ҳалокати чандин нафар аз сокинони осоишта гардида буд, хотима ёбад",- омадааст дар хабари Кремл.

Гузашта аз ин  Путин ва Зеленский муҳимияти татбиқи натиҷаи созишномаи Минск, аз ҷумла додани мақоми махсус ба Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Луганскро низ қайд намуданд.

Муроҷиати Зеленский ба Путин

Дар рафти сӯҳбат масъалаи баргардондани боздоштшудаҳои ҳар ду ҷониб низ дар меҳвари гуфтугуйи роҳбарони давлат қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки сӯҳбати навбатии Путин ва Зелинский субҳи чаҳоршанбе иттифоқ афтод.

Барчаспҳо:
ҷузъиёти нав, телефон, сӯҳбат, Украина, президент, Владимир Путин

Мавзӯъҳои асосӣ