22:58 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Тоннель Истиклол, архивное фото

Зоҳидӣ бо Ардакониён масъалаи анҷоми корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол”-ро баррасӣ кард

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
160 0 0

Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон ва вазири нерӯи Эрон масъалаи анҷоми корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” ва ҳамкориҳо дар соҳаи барқ ва об баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ахиран дар Теҳрон  Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва  раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои  тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон мулоқот кард.

Дӯстӣ бо Эрон: мулоқоти 12 кишвар дар Душанбе, ҷамъбасти моҳи июн барои Тоҷикистон

Бино бар дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаи барқ ва об мавриди баррасӣ қарор доданд.

Посол Таджикистана в Иране Низомиддин Зохиди провел встречу с министром энергетики Ирана Ризо Ардакониён
Посол Таджикистана в Иране Низомиддин Зохиди провел встречу с министром энергетики Ирана Ризо Ардакониён

Ҳамчунин зарурати ҳамкории ҷонибҳо дар анҷоми корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” таъкид гардид.

Тоҷикистон аз Эрон даъват кард сохтмони нақби “Истиқлол”-ро идома диҳад

Ҷонибҳо доир ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 13-уми қарибулвуқӯи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуда, аҳаммияти ҷаласаи мазкурро дар дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Теҳрон бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии ин кишвар Ғуломҳусайн  Шофеӣ мулоқоти намуда буд.

Дар  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо  барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ таъкид кардаанд.

Барчаспҳо:
сафири Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Эрон, нақби "Истиқлол", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ