17:40 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Роҳандозии муносиботи дипломатии Тоҷикистон бо Кения – “Кӯҳи сафед”

© Sputnik Игорь Лекаркин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Тоҷикистон бо ҷумҳурии Кения санад дар бораи барқарор намудани муносибатҳои байналмилалӣ ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон маросими имзои Баёнияи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кения  рӯзи 6 август дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид.

Фенти Тилахан аз Эфиопия бо натиҷаи 1:06:36 дар ниммарафони 10-уми Душанбе ғолиб шуд
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон

“Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Кения Намояндаи доимии он дар СММ Лазарус Омбаи Амайо  имзо карданд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли ВУХ Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки ҷумҳурии Кения яке аз давлатҳои бомаром рушдёбанда ва дорои калонтарин маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Африкаи Шарқӣ буда, бо бандарҳои баҳрӣ, қаҳва ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ҷангалзарҳои бепаҳно, ҳайвоноти нодир ва манзараҳои кӯҳистони худ машҳур аст.

Номи давлат – Кения аз забони масайӣ ба тоҷикӣ “Кӯҳи сафед” тарҷума мешавад, навиштааст “Ховар”.

Ҷумҳурии Кения 12 декабри соли 1963 истиқлолияти давлатӣ ба даст овардааст ва пойтахташ шаҳри Найробӣ мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ