19:02 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Гурҷистон ба 1 шаҳрванди Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ дод

© Sputnik / Максим Богодвид
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
273 0 0

Мақомоти Гурҷистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба як шаҳрванди Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Гурҷистон тайи шаш моҳ аз ин кишвар 585 шаҳрвандӣ хориҷӣ дархости паноҳандагӣ намудаанд, навиштааст Sputnik Гурҷистон.

Манбаъ афзуд, ки миёни дархосткунандагони паноҳандагӣ бештар шаҳрвандони Эрон, Ҳинд ва Миср буда, тайи шашмоҳа ба 203 атбои хориҷӣ посухи радди паноҳандагӣ ироа гардид.

Бар асоси омори ВУД Гурҷистон, дар нимсолаи аввали соли равон 39 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла ҳашт шаҳрванди Озорбойҷон, панҷ шаҳрванди Миср ва чор шаҳрванди Туркия аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Инчунин аз қаламрави Гурҷистон шаҳрвандони Ироқ, Эрон, Ангола, Ҳинд, Украина ва як қатор кишварҳои африқоӣ хориҷ карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол тайи шаш моҳ мақоми паноҳандагӣ дар Гурҷистон даҳ шаҳрванди Миср, ҳашт шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди  Тоҷикистон соҳиб шудаанд.

Мақомоти Гурҷистон ба чор шаҳрванди Яман, як шаҳрванди Сурия, як шаҳрванди Украина ва ду нафари шаҳрвандияшон муайяннашуда мақоми гуманитариро додаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ