03:11 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Президент Ирана Хасан Роухани и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон раисҷумҳури Эронро ба Иди Қурбон табрик кард

© Sputnik / Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
27620

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури оҷикистон бо ирсоли паёме иди саиди Қурбонро ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эрониаш табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории Parstoday Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои эрониаш Ҳасан Рӯҳониро ба муносибати Иди Қурбон паёми табрикотӣ равон намудааст.

Пешниҳоди Эрон ба Тоҷикистон: бахше аз бандари Чобаҳорро иҷора бигиред

Дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон ибрози умедворӣ кардааст, ки дар партави арзишҳои асили дини мубини Ислом, аз ҷумла ин иди муқаддас, равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкориҳои созанда байни ду кишвар дар оянда низ дар чорчӯби манофеи ду миллат беш аз пеш рушд ва таҳким ёбад.

Инчунин Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Рӯҳонӣ афзуд: “Бо ғанимат шумурдани ин фурсати фараҳбахш, таманно дорам, ки Худованди мутаол ба ҷаноби олӣ саломатӣ ва дар масъулиятатон тавфиқ ва ба мардуми кишвари Шумо амнияту суботи пойдор ва пешрафту рифоҳи рӯзафзун ато фармояд”.

Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки робитаҳои Теҳрон- Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо барасмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шудааст.

Барчаспҳо:
ироъаи пайём, ирсол, иди Қурбон, табрикот, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ