09:57 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Хонаҳо, мошинҳо, ширкатҳою суратҳисобҳо: нашри рӯйхати дороии Отамбоев ва оилааш

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2727 0 0

Додситонии кулли Қирғизистон феҳрасти дороиҳои марбут Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури пешин ва хонаводаашро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ба феҳрасти нашршуда мошинҳо, хонаҳо, суратҳисобҳои бонкӣ, ширкатҳо ва дигар дороиҳо шомил мебошанд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла суратҳисобҳо дар 25 бонку ташкилотҳои молиявиро ба ҳабс гирифтаанд, ки тибқи гузориши Додситонии кул ба Отамбаев Алмосбек Шаршенович, Отамбоева Раиса Минаҳмадова, ҶСК “Қирғизавтомаш”, ҶДММ “Апрел-ТВ”, бунёди ҷамъиятии “Апрел”, ширкати радио ва телевизиони “Канал D”, Иттиҳодияи ҷамъиятии “Шӯрои ҷумҳуриявии коршиносони умури рушди устувори инсонӣ”, муассисаи таълимию тиббии “Саломатию дарозумрӣ” ва иттиҳодияи “Қирғизавтомаш” тааллуқ доранд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки барои ҷуброни эҳтимолии зарари моддию маънавӣ, ки тафтишот далелҳои зиёдро дар даст дорад, моликияти Отамбоев ва оилааш ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар феҳрасти амволи худи Отамбоев Алмосбек Шаршенович - Toyota Land Cruiser истеҳсоли соли 2000, Mitsubishi Pajero 1997 соли истеҳсол, Toyota Land Cruiser 1998 соли истеҳсол, MAN 1993 сол, BMW-Х53 2001 соли истеҳсол, ду қитъаи замину маркази саломатӣ дар деҳаи Кой Таш, қитъаи замин дар Исиқ-кӯл, боғ, чарогоҳ, хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Арашани ноҳияи Аламудун, боғ дар деҳаи Кой-Таш зикр шудааст.

Дар рӯйхати амволи ҳабсшудаи зани собиқ президент, Отамбоева Раиса Минахмедовна - Toyota Land Cruiser соли истеҳсолаш 2004, Mercedes Benz 1994 сол, ГАЗ 3110 1999 сол, хона дар бинои бисёрошёна дар кӯчаи Маскав ва хонаи заминӣ дар тангкӯчаи Новооктябрски Бишкек номбар шудаанд.

Инчунин бархе аз иншоот, мағозаҳо, маркази тиҷорӣ биноҳои истиқоматию ғайриистиқоматии марбут ба ҶСК “Қирғизавтомаш”, “Медиа Форум”, ҶДММ “Ширкати илмӣ-истеҳсолии “Форум” ва ҶДММ “Апрел-ТВ”-ро ба ҳабс гирифтаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ