Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат дар бораи шаҳраки ҷадид дар ВМКБ

Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ба маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мақоми шаҳракро дод

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои додани мақоми шаҳрак ба деҳаи Мурғоб ҷонибдорӣ кард. Деҳаи Мурғоб, ки маркази маъмурии ноҳияи Мурғоб аст, бо ҷонибдории Ҳукумат мақоми шаҳракро гирифт.

Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Cуғд озмуни “Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин” эълон кард: ҷоиза то 6000 сомонӣ

Эмомалӣ Раҳмон дастур додаст, ки тасмими мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод гардад.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки деҳаи Ховалинг, маркази ноҳияи Ховалинг низ расман шаҳрак шуд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, деҳаи Ховалинг, ки маркази маъмурии ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад, ба яке аз мавзеъҳои аҳолинишини аз лиҳози иҷтимоиву фарҳангӣ муҳим табдил ёфта, рушди иқтисодӣ ва афзоиши шумораи аҳолии он торафт вусъат гирифта истодаст.

“Бо дарназардошти ин раванд, 8 июли соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он ба деҳаи Ховалинг мақоми шаҳрак дода шуд”, - изҳор дошт Раҳмон аввали моҳи ҷорӣ дар мулоқот бо сокинони Ховалинг.

Дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев низ дастур дод,  ноҳияҳое, ки маркази маъмурияшон деҳа мебошад, муайяну пешниҳод карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0