Сафири нави Олмон нусхаи эътимодномаашро ба муовини Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон супурд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран Сафири тозатаъини Олмон дар Тоҷикистон Андеас Протманн бо муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири тозаинтихоби Фавқуллода ва Мухтори Олмон Андреас Протманнро қабул намуд.

Новый посол Украины Василий Серватюк в Таджикистане вручил копию верительной грамоты - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Украина дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазир супорид

Бар хабари манбаъ, зимни мулоқоте, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав сиёсати хориҷии Тоҷикистонро фаҳмонд - акс

Зимнан дар фарҷоми мулоқот муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии  Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн барои иҷрои рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.

Сафирони тозаинтихоб дар Тоҷикистон эътимодномаашонро ба Хусрав Нозирӣ супориданд

Лентаи хабарҳо
0