Нигаронии Раҳмон аз фориғболии масъулин ва супоришҳои қатъӣ ба роҳбарон

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нагардидани супориши Ҳукумат ҷиҳати таъмини пойгоҳҳои оббкашӣ дар ноҳияи Зафаробод изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Президент гуфт, як рӯз пеш ҳангоми мулоқот дар ноҳияи Деваштич андешаҳои худро доир ба масъалаи оқилонаву самаранок истифода намудани заминҳои корам муфассал изҳор намудам, ки ҳамаи он гуфтаҳо ба ноҳияи Зафаробод низ тааллуқ доранд.

Котиботи раисиҷумҳур аз қавли кишвардор иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Зафаробод қариб 31 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ мавҷуданд, ки дар сурати истифодаи самараноки онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҳосилнокӣ зиёд мегардад ва сокинон метавонанд бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, коргоҳҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин гардад.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи сафари корӣ: ба истиқболи Раҳмон 2,5 ҳазор сокинон ноҳияи Зафаробод баромаданд

Дар баробари ин, рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, дар навбати аввал, аз фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ вобастагӣ дорад.

Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд

Масъалаи мазкур зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати таъминоти техникии пойгоҳҳои обкашӣ таҷҳизоту маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд, гуфт раисиҷумҳур.

Раисиҷумҳур изщори нигарнӣ кардааст, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда мушкилоти мазкур то ҳол роҳи ҳалли пурраи худро наёфтааст. Ҳол он, ки чанд сол пеш ба ноҳия бо супориши Роҳбари давлат ҷиҳати рафъи ин мушкилот маблағҳои зарурӣ ва таҷҳизот барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ҷудо гардида буд.

"Вале бо сабаби мақсаднок истифода нашудани маблағ ва фориғболии баъзе масъулон то ҳол пойгоҳҳои обкашии ноҳия ба таври пурра фаъолият намекунанд. Ман дар ин хусус дар назди роҳбарони вилоят ва вазорату идораҳои марбута дастуру супоришҳои дахлдорро гузоштам", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Кишвардор гуфт, вобаста ба истифодаи имкониятҳои ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Зафарободро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли пахта, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун намудани он, таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов ва таъсис додани коргоҳҳои коркарди маҳсулот тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0