22:37 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
181 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар Зафаробод бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқот анҷом дод

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот таъкид гардид, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди босуръати ноҳияи Зафаробод такони ҷиддӣ бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафаробод
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафаробод

Манбаъ афзуд, дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Зафаробод 262 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 23 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Раисиҷумҳур баъди таҳлилу баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба роҳбарияти мақомоти иҷроия супориш додаст, ки бо истифодаи имкониятҳо корҳои созандагиро вусъат бахшида, баҳри бо дастовардҳои назаррас сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштаст, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Зафаробод бо ҳисси баланди миллӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар пешрафти ноҳия ва ободии Ватан саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.

Бар асоси гузориши аксӣ аз ҷараёни мулоқот, сокинони Зафаробод ба Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи зардӯз пӯшонда, расми раисиҷумҳур бо модарашро туҳфа кардаанд.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)

Мавзӯъҳои асосӣ