Мақоми нави Озода Раҳмон

Обуна шудан
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тибқи иттилоияи палатаи болоии парлумон, созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллӣ  барои сафири созмони мазкур дар Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Озода Эмомалиро ҷонибдорӣ кардааст.

Шукурджон Зухуров, Озода Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Аз даромаду дин то интернету дахлнопазирии Президент: 310 суоле, ки дар шаҳрдорӣ мепурсанд

"Созмони мазкур бо Шаҳодатномаи худ расман тасдиқ кард, ки ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон ба ҳайси узви парламент ва талоши доимиашон барои ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои он гузошта шудааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки таҷрибаи ғании корӣ дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ ва уҳдадориҳои Раҳмон Озода Эмомалӣ дар роҳи рушди ҳадафҳои Созмон арзишманд хоҳанд буд.

Маҷлиси миллӣ хабар додааст, ки созмони "Занони сиёсатмадори роҳбар", мақараш дар Исландия ва Белгия бунёди мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ мебошад. Созмон ҳамчун шабакаи иртиботот ва форуми ҷаҳонии занони ҷодаи сиёсат, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз нерӯи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар иттилоия таъкид намудааст, ки ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0