Трамп: ҳузури Русия дар G7 барои кулли ҷаҳон фоида меорад - навор

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп во время беседы с президентом РФ Владимиром Путиным
Президент США Дональд Трамп во время беседы с президентом РФ Владимиром Путиным  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар нишасти G7, ки дар Биарритсе баргузор шуда буд, ба сарони 7 давлати бузурги ҷаҳон пешниҳод намуд, ки Русияро барои дигарбора дохил шудан ба узвияти ин гурӯҳ даъват намоянд

ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Масоили бозгашти Русия ба узвияти Ҳафтгонаи бузург дар меҳвари баррасии сарони кишварҳои Британияи Кабир, Олмон, Итолиё, Канада, Амрико, Фаронса ва Ҷопон қарор гирифт.

"Шомил шудани Русия ба узвияти ин гурӯҳ барои ҷаҳон танҳо фоидабахш аст ва на баръакс",-  изҳор амудаст раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар нишасти Биарритсе.

Новобаста аз он ки президент Трамп ҳамаҷониба бозгашти Русия ба узвияти ин гурӯҳро ҷонибдорӣ кард ва ба сарони дигар кишварҳо онро талқин намуд, аммо то анҷоми нишаст сарони 7 давлати бузурги ҷаҳон ҷиҳати даъват намудани Русия ба G7 ба мувофиқа нарасиданд.

Лентаи хабарҳо
0