03:26 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофот ба Шамсулло Соҳибов, соҳибкор

Аз Шамсулло Соҳибов то Озарахшу раиси Ворух ва ноиби раиси ВМКБ: киҳо мукофот гирифтанд?

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
431020

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон даҳҳо акс аз маросими супоридани мукофоти давлатӣ ва унвону рутбаҳоро ба намояндагони касбу кори гуногун нашр карда, таъкид намудааст, ки ҷоизаҳо барои натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти корӣ ироа шуданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бар асоси гузориши нашркардаи котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба шоир Озарахш,  вазири маориф - Нуриддин Саид, вазири адлия - Рустам Шоҳмурод, вазири фарҳанг - Шамсиддин Орумбекзода, вазири тандурустӣ - Насим Олимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Фаррух Ҳамрализода, вазири умури хориҷӣ – Сироҷиддин Муҳриддин мукофот додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофоти давлатӣ ба шоир Озарахш
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофоти давлатӣ ба шоир Озарахш

Меҳриниссо Раҳматова, раиси ҷамаоти деҳоти Ворух, Далер Ҷумъа, роҳбари “Помир энержӣ” ва Шамсулло Соҳибов, соҳибкор ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон низ миёни афроде мебошанд, ки бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд.  

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ироаи мукофот ба Меҳриниссо Раҳматова, раиси ҷамаоти деҳоти Ворух
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ироаи мукофот ба Меҳриниссо Раҳматова, раиси ҷамаоти деҳоти Ворух

Инчунин Абдуллозода Исматулло Файзулло, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мукофоти давлатӣ гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи мукофот ба Абдуллозода Исматулло, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи мукофот ба Абдуллозода Исматулло, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Дар миёни афроде, ки бо рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шудаанд, генерал Шариф Назар, сардори раёсати умури дохилии Душанбе ва полковник Алишер Мирзонаботов,  муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нишон дода шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ

Инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ гардид.

Бар асоси иттилои котибот, дар маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид кард.

Мавзӯъҳои асосӣ