19:13 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Супориш барои ташкили Академияи идоракунӣ: Президент гуфт, мансабдорони нав чигуна бошанд

© Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
291810

Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Озода Раҳмон дастур гирифт, ки тайи се моҳ қарори Ҳукумат барои таъсиси Академияи идоракунии давлатии назди Президентро таҳия ва пешниҳод кунад

ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе пешниҳод кард, ки Донишкадаи идоракунии давлатӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

“Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати мамлакатро оид ба ин масъала таҳия ва пешниҳод намояд”, -супориш дод Эмомалӣ Раҳмон.   

Раисиҷумҳур афзуд, ки ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

“Хизмати давлатӣ бояд ба татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа нигаронида шавад. Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем”, - зарур донист Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ барои олимону омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатӣ муҳим хонд, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанду дар ин замина барномаҳои гуногунро таҳия кунанд ва ба истифодаи технологияҳои муосир ҷиҳати татбиқи нақшаи ҳукумати электронӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибкасб барои амалисозии ин мақсад саъю кӯшиш намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ