23:15 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
47020

Сафири Эрон ба ҳамроҳии шуморе аз сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аз шаҳристони Данғара, Балҷувон ва Ховалинги ин кишвар боздид кард

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар ҷараёни ин бозид аз меҳмоннавозии тоҷикон суҳбат карду эрониҳоро ба Тоҷикистон даъват кард,  иттилоъ додааст Parstoday.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммадтақии Собирӣ зимни боздиди гуфт, ман пеш аз ин низ дар бораи меҳмоннавозии тоҷикон шунида будам, аммо меҳмоннавозии беш аз ҳади сокинони ин 3 шаҳристонро аз наздик мушоҳида кардам.

“Ин барои ман мояи сарфарозӣ буд ва фикр мекардам, ки дар ватани хеш ҳастам”, - таъкид дошт сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар идома афзуд, ман аз ҳамватанонам дар Эрон даъват мекунам ҳатман ба кишвари ҳамзабони мо Тоҷикистон сафар ва аз зебоиҳои ин кишвар баҳраманд шаванд.

Дар ин барнома ҳамроҳ бо Муҳаммадтақии Собирӣ сафирони кишварҳои Афғонистон, Британия, Ҳинд, Қатар, Қазоқистон, Қирғизистон ва бархе кишварҳои дигар ҳузур доштанд.

Ҳадафи аслии боздиди сафирони хориҷӣ аз ин шаҳристонҳо ошноӣ бо ҷозибаҳои таърихӣ, мазҳабӣ ва гардишгарии минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон унвон шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон солҳои рушди рустоҳо, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст.

Барчаспҳо:
Данғара, сафар, сафир, ҳамкорӣ, даъват, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ