14:59 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Армении Никол Пашинян

Пашинян ба Раҳмон саломативу некрӯзӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу намуд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
43 0 0

Раисҷумҳури Арманистон Никол Пашинян ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, номаи раисҷумҳури Тоҷикистон шодбошӣ равон намудааст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Никол Пашинян, раисҷумҳури Арманистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 28-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон табрик намуда, умедвор шудааст, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо боз ҳам беҳтар хоҳанд шуд.

Аз ҷумла бино ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон раисҷумҳури Арманистон дар номаи шодбошиаш навиштааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон қабул фармоед”, таъкид наудааст Пашинян.

Инчунин вай афзудааст: “бешубҳа, ин санаи хотирмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ба дигаргуниҳои куллии ҳаёти кишвар оғоз бахшида, афзалиятҳои ҳамкориҳои байналмилалии онро муайян намуд”, - гфт раисҷумҳури Арманистон.

Никол Пашинян дорад, ки муносибатҳои дӯстона ва дастгирии ҳамдигари халқҳои Арманистону Тоҷикистон дар оянда низ ба баланд бардоштани самаранокии равобити байнидавлатиамон чи дар сатҳи дуҷониба ва чи дар сиғаҳои бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард.

“Бо истифода аз фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавию некрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям”  - зикр кардааст Никол Пашинян, раисҷумҳури Арманистон.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, номаи шодбошӣ, табрикот, табрик, Арманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ